Ду нафар сокинони ноҳияи Мурғоб барои шикори ғайриқонунӣ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Январь 28, 2019 11:41

ХОРУҒ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар сокинони ноҳияи Мурғоб дар шикори ғайриқонунии гӯсфандони Марко Поло гунаҳкор дониста шуда, бо қарори суди ноҳия ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Амриддин Қуботбеков гуфт, ки «солҳои 90-уми асри гузашта силоҳи зиёд ба дасти мардум афтод ва шикори гӯсфандони Марко Поло ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфт. Сербарфию гуруснагӣ аз як сӯ ва таъқиби пайвастаи шикорчиён аз сӯи дигар,  гӯсфандонро маҷбур сохтанд, ки ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва ё Чин паноҳ бубаранд. Дар ин давра шумораашон то ба 12 ҳазор сар коҳиш ёфт. Баъди фаро расидани сулҳу оромӣ ва халъи силоҳи ғайриқонунӣ дар макони асосии зисти ин ҳайвони нодир, яъне Помири Шарқӣ ҳам оромӣ ҳукмфармо гардид. Назорат аз болои шикори ғайриқонунии гӯсфандони Марко Поло боз ҳам пурзӯр карда шуд. Акнун 10 нафар нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия фаъолияти хоҷагиҳои шикорӣ ва шикорчиёни ғайриқонуниро назорат мекунанд. Мутобиқи шартнома, худи хоҷагиҳои шикорӣ, ки шумораашон 7 адад аст, низ дар ҳифзи ҳайвоноти нодир масъулият бар дӯш доранд. Баъди коҳиш ёфтани шикори ғайриқонунӣ аксарияти ҳайвоноти нодир боз ба маҳали зисти худ баргаштанд. Давоми се соли охир шумораи гӯсфандони кӯҳӣ ҳазор сар афзоиш ёфта, ҳоло шумораашон  то ба 26 ҳазор сар расидааст. Мавсими шикор аз моҳи сентябр оғоз ёфта, моҳи март ба итимом мерасад».

Бояд гуфт, ки шикори ҳайвоноти нодир танҳо дар асоси иҷозатномаи  Кумитаи  ҳифзи  табиати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат  мегирад. Барои шикори  як сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 80 ҳазор сомонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ  45 ҳазор сомонӣ ва нахчир зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидаст.

Шикор танҳо дар ҳузури  нозирони  шуъбаи ҳифзи  муҳити  зисти  ноҳияи  Мурғоб   сурат гирифта,  сайди  ҳайвоноти  хурдсол  ва модина  мамнӯъ аст.

Бояд гуфт, ки гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бренди Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар қатори дигар дастовардҳои ҷумҳурӣ диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Сайёҳон аз Амрикою Аврупо на танҳо барои шикор, балки бо мақсади боре  дидани он ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Январь 28, 2019 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд