ФАЛАК ИНТЕРНЕТРО ТАСХИР КАРД! Навори сурудхонии муҳоҷири тоҷикро дар сохтмон садҳо нафар тамошо карданд

Январь 30, 2019 14:53

ДУШАНБЕ, 30.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Навори кӯтоҳе, ки дар он муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон мусиқии халқии тоҷикӣ – фалак месарояд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият пайдо мекунад. Ин наворро, ки дар саҳифаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шудааст, аллакай  беш аз 10 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.

«Аз силсилаи «Ситораи нави санъат», — навиштааст Пирмуҳаммадзода дар зери навор. Дар навор марди миёнасол дар тан либоси корӣ дар дохили бинои сохташудаистода нишаста, фалак — мусиқии халқии тоҷикиро, ки аксаран дар манотиқи кӯҳӣ ва ҷанубии Тоҷикистон паҳн шудааст ва одатан аз рӯи мазмуну муҳтавои амиқи шеърҳо (аксар вақт аз шоирону сӯфиён) фарқ мекунад ва чун қоида ба тарзи «а капелла» иҷро карда мешавад, месарояд. Дар навор нишон дода мешавад, ки дар рӯи зонуҳои сокини Тоҷикистон якчанд тахтасанг хобанд ва бо як даст бо онҳо мусиқӣ менавозад. Бо дасти дигар, ӯ гӯшашро маҳкам мекунад, то садои худро беҳтар шунавад.

Сурудхонии он мард чунон тозаву зебо буд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъд аз тамошои навор ба ваҷд омаданд. Зери навор аллакай даҳҳо нафар корбарон шарҳҳо гузошта, он ба садҳо нафар писанд омадааст ва онро беш аз 200 каси дигар дар саҳифаҳои худ бознашр кардаанд.

«Олӣ! Беҳтар аз баъзе ситораҳои саҳнаи Тоҷикистон», — навиштааст Абуҳанифаи Ҳаммод.

«Офарин! Садои беҳтарин. Бовар кунед, садои ӯ аз Россия дар Тоҷикистон шунида мешавад», — шарҳ додааст Амонулло Каромов.

Бисёриҳо ишора кардаанд, ки бо чунин садо ин муҳоҷир метавонад санъати Тоҷикистонро боло бардорад. «Вазорати фарҳанг бояд дар пайи ҷустуҷӯи ин доди илоҳӣ бошад», — менависад корбар бо номи Сайфиддин Иззатов.

«Иҷрои олӣ ва касбӣ. Вазъи шушаш бисёр хуб аст, зеро новобаста аз он, ки дар атрофи чангу ғубор қарор дорад, бо як нафас давомдор месарояд. Назокати шунавонидани мисраҳо ва оҳанг хеле хушоянд аст, яъне вазни (ритми) композитсия на барои рақс, балки танҳо барои шунидану мулоҳизаи амиқи маънои суруд мебошад. Вазорати фарҳанг бояд ба ин шахс таваҷҷуҳ зоҳир намояд, то одамон имконият пайдо кунанд, ки аз санъати беназири ӯ ҳаловат баранд», — табодули андеша намуд Гулмаҳмад Файзуллоев.

Ҳамзамон дар шарҳҳо шахсияти сароянда муайян карда шуд. Ӯ Гулназар Ғаниев буда, сокини деҳаи Момираки (яке аз се машқгоҳҳои пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, низ чунин ном дорад) наздикии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар километри 175-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе ҷойгир аст, мебошад.

«Саломат бошед, дӯстони азиз. Ин бародари ман Гулназар аз шаҳри Кӯлоб мебошад. Ҳамаи бародарони ман дорои чунин садо мебошанд ва фалакро бисёр моҳирона месароянд», — навиштааст Низорамоҳ Ғаниева, ки худро хоҳари ӯ муаррифӣ кард.

«Ӯ дар ҳалқаи дӯстону пайвандон ва инчунин дар чорабиниҳои шаҳри Кӯлоб месароид», — гуфтааст як нафар зан.

Баъзе аз корбарон маслиҳат додаанд, ки ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки на танҳо дар Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таълим медиҳад, балки ҳамчунин бунёдгузор ва роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, муроҷиат намояд.

Фалак мусиқии халқии тоҷикӣ мебошад. Интизор меравад, ки ин жанр ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шавад. Фалак якчанд садсолаҳо пеш дар кӯҳҳои Хатлон ва Бадахшон пайдо шуда буд. Мувофиқи маълумоти коршиносон, он истеъдоди вокалии сарояндаро пурра мекушояд. Фалаки классикиро одатан танҳо мардон зери мусиқӣ месароянд ва фалаки кӯҳиро ба тарзи «а капелла» иҷро мекунанд. Дар Тоҷикистон ин жанри мусиқӣ қисми ҷудонашавандаи таърихи кишвар маҳсуб меёбад.

Январь 30, 2019 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ХОССАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлоли давлатӣ густариши бештар ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи истифодаи технологияҳои муосир баррасӣ гардид
Дар Боку густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва санъати тасвирию ороишии Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор гардид
«ҶАВОНОН- ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе таҳти чунин унвон роҳпаймоии осоишта доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Португалия дар ҳамоиш оид ба мудирият ва устуворӣ дар фаъолияти кайҳон иштирок намуд
Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон: Рассомҳо дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақши муносиб мегузоранд
«ШИНОХТИ САРАЗМ». Имрӯз ин филми мустанади Тоҷикистон дар Озарбойҷон намоиш дода мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон оғоз мегарданд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Суратгузориш аз ҳамоиш дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Либос ҳусни инсон аст»
Камол Насрулло: «Имрӯз миллати тоҷик бо эътиқоду эътимоди нав рӯ ба «Шоҳнома» овардааст»
Дар шаҳри Ашқобод муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд