Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2019 16:00

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири саноат
ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Бобозода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Бобозода Шавкат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1190

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Файзуллозода З.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Файзуллозода Заробиддин Қудрат вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1191

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
озод намудани Ҳакимзода Н.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1192

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
таъин намудани Билол И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Билол Иброҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1193

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Роғун озод намудани Билол И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1194

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
шаҳри Роғун таъин намудани Сулаймонзода М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сулаймонзода Музаффар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1195

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Айнии вилояти Суғд
озод намудани Раҳматуллозода Н.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Раҳматуллозода Неъматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1196

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси ноҳияи Айнии вилояти
Суғд таъин намудани Муродзода М.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Муродзода Муқим Қаюм раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1197

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
озод намудани Ҷӯразода Р.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷӯразода Рустами Боймурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1198

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
таъин намудани Зиёзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1199

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи
судяи суди вилояти Хатлон
озод намудани Раҳимзода Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҳимзода Давлатманд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1202

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи
Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон
озод намудани Саидзода Б.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саидзода Бахтиёр Шамсуддин бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2019
№1203

Январь 28, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон