«Ганҷи сухан»- пайвандгари аҳли илму адаб. АМИТ «Ховар» барои тарғибу ташвиқи фаъолияти маҳфил қадрдонӣ гардид
ХУҶАНД, 17.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои ҳамкории судманд, густариши маърифати адабӣ ва дастгирии маҳфили илмию адабии «Ганҷи сухан» — бо Ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров сарфароз гардид. Ифтихорнома дар нишасти 169-уми маҳфили илмӣ- адабии «Ганҷи сухан», ки 15 январи соли равон дар Донишгоҳи мазкур баргузор гардид, ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода супорида шуд. Дар маҳфил инчунин як гурӯҳ олимону адибон ва иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо Ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Суғд ва китобҳои тозанашр қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҳамоиши илмӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода, намояндаи бахши вилоятии ҲХДТ Анвар Ҷалилов, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, олимону адибон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Роҳбари маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр кард, ки маҳфили мазкур 16 сол инҷониб ҳар моҳ пайваста бо фарогирии олимону адибон, устодону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ мавзӯъҳои мухталиф ва муҳими илмиву адабӣ, сиёсиву иҷтимоиро баррасӣ намуда, дар пешрафти илму адабиёти тоҷик ва густариши фарҳангу ҳунар нақши муассир дорад. Ҳамзамон рисолати аслӣ ва асосии ин маҳфил мусоидат ба шаклгирии завқу салиқаи зебоишиносии ҷавонон буда, он дар тарғиби эҷодиёти адибону олимони ҷавон минбари озод ба ҳисоб меравад. «Ганҷи сухан» ба як маънӣ пайвандгари аҳли илму адаб ба ҳисоб рафта, нишастҳои он аз рӯи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор карда мешаванд.
Зимни маҳфил иштирокдорон инчунин бо фаъолияти солонаи маҳфил, навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ, китобҳои тозанашри адибони шинохтаву ҷавон ошноӣ пайдо намуданд. Таъкид гардид, ки соли 2019 дӯстдорони назму шеърро китобҳои тозанашр интизоранд. Дар назар аст, ки маҳфилҳои навбатии «Ганҷи сухан» соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд баргузор карда шаванд.
Барномаи рангини фарҳангии ансамбли навозандагон ва сарояндагони «Навои ҷавонӣ» — и Донишгоҳ ба маҳфил ҳусни тоза зам намуд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






