Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз муоинаи тиббӣ мегузаранд

Январь 23, 2019 15:40

ДУШАНБЕ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 январ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тибқи нақша муоинаи тиббии хонандагон оғоз гардид, ки то 10 феврали соли равон идома меёбад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон якчанд намуди нави муоинаи тиббӣ гузаронида мешавад. Дар айни замон мактаббачагонро аз санҷиши ВНМО гузаронида истодаанд.

«Муоинаи тиббии мазкур дар асоси супоириши протоколи № 4-и маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018 «Дар бораи муоинаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва хизматчиёни ҳарбӣ» гузаронда мешавад»,-хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муоина дар асоси фармоиши байниидоравии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Бино ба иттилои муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ВНМО (ВИЧ)» Дилшод Сайбурҳонов, мақсад аз гузаронидани муоинаи мазкур- ошкор намудани мавҷудияти ин вирус дар бадани наврасону кӯдакон мебошад.

Бояд гуфт, ки соли 2017  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»-ро ба тасвиб расонд. Ҳадафи асосии Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад.

Ба гуфтаи  мутахассисони соҳаи тиб, ВНМО системаи иммунитети шахсро  заиф карда, онро барои  солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир дар мамлакат сироят кардани чунин вирус ба қайд гирифта шудааст. Барои пешгирии он аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдор тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Январь 23, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд