ИНРО БОЯД ҲАМА ДОНАНД! Дар Коллеҷи тиббии Кӯлоб ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид
КӮЛОБ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири омода будани сокинон ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба осебдидагон дар муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Инро ҳама бояд донанд!» оид ба усулҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба худ ва дигарон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, садама ва фалокатҳо, истифодаи восита ва маводи мавҷуда ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабанигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛОВ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб подполковник Абубакри Сайид, номзади илмҳои тиб Шарифҷон Охунов, номзади илмҳои тиб Фаридун Сафаров ва омӯзгорони муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим ба зиёд гардидани офатҳои табиӣ сабаб гардидааст ва аз ин ҳисоб сокинони кураи замин азият мекашанд. Дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ одамон ба ҳалокат мерасанд ва ба қисми дигар осебҳои гуногуни ҷисмонӣ мерасанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши илмию назариявӣ аз се бахш- маърӯзаҳо, машғулияти амалӣ ва викторина иборат буд. Дар бахши аввал донишҷӯён Мавзуна Файзова оид ба мавзӯи «Мавқеъ ва вазифаҳои мудофиаи шаҳрвандӣ», Маърифат Абдулқосимзода дар мавзӯи «Асосҳои ташкили чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ, заминларза, муҳофизати аҳолӣ», Сарвиноз Содиқзода дар мавзӯи «Ба худ ва ҳамдигар расонидани ёрии аввалини тиббии ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, садама, фалокатҳо зимни амалиёти ҷангӣ» маърӯза карданд.
Дар охири ҳамоиш ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






