Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳаёти боз як нафарро наҷот доданд

Январь 30, 2019 17:26

ДУШАНБЕ, 30.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони ин кумита шоми 28 январ як ҷавонзани 27-соларо, ки мехост худро аз болои пули кӯҳна дар дарёи Сир партофта, худкушӣ кунад, наҷот додаанд.

«Ин хонум дар як муддати кӯтоҳ дар гирдоби мавҷи азиму хурӯшони дарё монд. Маъмулан дар ин қитъа дарё басо пурталотум ҷорӣ мешавад. Наҷотдиҳандагон занро ба мушкилӣ аз марг наҷот доданд, вақте аз об берун оварданд, вай дар ҳоли изтиробу ҳарос буд», – гуфта мешавад дар иттилоияи кумита.

Феълан ин зани сокини шаҳри Бӯстон дар бемористон қарор дошта, мақомот сабаби қасди худкушии ӯро таҳқиқ мекунанд.

Январь 30, 2019 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд