Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: ба ҷуз роҳи «Хоруғ-Ишкошим» боқӣ ҳама роҳҳои кишвар бозанд
ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар айни замон ба ҷуз роҳи «Хоруғ-Ишкошим» боқӣ ҳама роҳҳои кишвар бозанд.
Ба иттилои манбаъ, новобаста аз ин хатари лағжиши тарма ва санг дар роҳҳои кӯҳӣ бартараф нашудааст.
Аз ин хотир, Кумита ба таваҷҷуҳи ронандагон мерасонад, ки тибқи тавсияҳои хадамоти дахлдор сафар карда, ҳама гуна қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
«Бар асари лағзиши тарма аз километри 39 сар карда, дар километрҳои муайяни мавзеъҳои Ирғазор, Кӯҳи Лаъл — Сист, Бичур ва Колукен, Вогз, Шанбидеҳӣ ва деҳаи Қозидеҳи ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим роҳҳо баста шудаанд»,- илова намуд манбаъ.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






