МАЛИКАИ САРАЗМ. Боқимондаҳои ҷасади ӯ дар маркази маҷмааи қабристони маҳаллаи қадимтарин дарёфт гардиданд

Январь 22, 2019 12:19

ДУШАНБЕ, 22.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боқимондаҳои ҷасади Маликаи Саразм дар маркази маҷмааи қабристони маҳаллаи қадимтарини Саразм, ҳанӯз соли 1985 дарёфт гардида буданд, ҳарчанд дар ин бора  одамон кам маълумот доранд.  Вобаста ба ин  ходими калони илмии шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ, номзади илмҳои таърих Фарҳод Раззоқов дар мақолаи худ таҳти унвони «Доир ба масъалаи дафни Маликаи Саразм», ки дар маҷаллаи «Муаррих» нашр шудааст, навиштааст.

Тавре муаллиф зикр менамояд, қабристон аз панҷ қабри алоҳида – се қабри танҳо, як қабри ҷуфт ва ҷои дафнии Маликаи Саразм, ки дар он илова бар ҷавонзан ҳамчунин як наврас ва як мард дафн гардидаанд, иборат буд.  «То ҳанӯз ҳам ҷои дафн ва ҳам тамоми маҷмаа ба таври дақиқ муайян карда нашудаанд», — менависад олим. Ӯ инро бо набудани монандии мутаносиб, ки ба андешааш, онро метавон дар давраҳои баъдтар ҷуст, рабт медиҳад.

Бо вуҷуди ин, чунин дарёфтҳо дар таҳқиқоти Саразм — нахустин ёдгории мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле муҳиманд.

Ин шаҳраки қадимии Тоҷикистон (IV — II ҳазорсола п.а.м) дар километри 15-уми шарқи маркази маъмурии шаҳри Панҷакент дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир аст. Қасрҳо, иморатҳои динӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ арзишҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Соли 2010 шаҳраки мазкур ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, аввалин иншооти Тоҷикистон дар он гардид.

Тавре қаблан хабар дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  зикр карданд, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ҷашни 5500-солагии  шаҳраки қадимаи Саразм баргузор мегардад.

                                                                                     Саид  АЛӢ,
                                                                                   АМИТ «Ховар»

ДАР АКС: Азадохт Шаҳбону (Azadokht Shahbanu,  соли 241-и б.а.м) – малика, ҳамсари Шопури I (шоҳаншоҳи дуюми империяи Сосониён), ки бар муқобили румиён ҷангҳои тӯлонӣ бурда, ҳатто императори Рум Валерианро асир гирифтааст, мебошад. Соли 260 ӯ шаҳри Гондишопур ё Гунди-Шопур (Jondi Shahpur ё Gundeshapur)-ро таъсис дод, ки он дуюмин шаҳри бузурги империяи Сосониён ва маркази зеҳнии он гардид. Дар ин кор ба ӯ ҳамсараш кумак карда буд. Азадохт дар ин шаҳр китобхонаи бузург сохт, ки баъдан дар асоси он аввалин донишгоҳ дар Форс ва маркази тиббӣ, ки ба он беморхона, мактаби тиббӣ, озмоишгоҳи фармакологӣ, маркази тарҷумаи матнҳои тиббӣ, китобхона ва расадхона шомил мебошанд, ташкил карда шуданд. Малика Азадохт ҷанговар набуд, вале шамшерро хеле хуб идора мекард.

Январь 22, 2019 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид