Маркази миллии тестӣ дар муассисаҳои таълимӣ корҳои иттилоотонӣ ба роҳ мемонад

Январь 29, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 январ то 6 марти соли равон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фарогирии кормандони муваққатӣ) бо хатмкунандагони таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, падару модарон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир хоҳад гашт.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 28 январ то 2 феврали соли равон бо фармоиши директори Марказ 32 нафар кормандони ин муассиса барои баргузории вохӯриҳо ба 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Тибқи нақша, давоми 6 рӯз вохӯриҳои кормандони Марказ бо алоқамандони низоми ИМД дар 220 муассисаи таълимӣ баргузор мегарданд.

Кормандони Маркази милии тестӣ зимни сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади шинос кардани кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бо  муҳимтарин хусусиятҳои низоми имтиҳонҳои номбурда бо онҳо суҳбат карда, маводи иттилоотию методии зарурӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестҳоро ба онҳо дастрас мегардонанд. Ин мавод инчунин барои баҳраманд шудани хоҳишмандон аз маълумоти зарурии вобаста ба ИМД ба китобхонаҳо тақдим карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, давоми моҳҳои январ – марти соли равон дар 3560 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи таблиғгарони низоми ИМД дар сатҳи ҷумҳурӣ вохӯриҳо баргузор мешаванд. Дар назар аст, ки дар чунин вохӯриҳо бештар аз 150 000 нафар хатмкунандагон иштирок кунанд.

Ёдрас мешавем, ки аз 24 то 26 январи соли равон бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорон курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо  гузаронида шуд.

Январь 29, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид