Нишасти матбуотӣ: дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати таҳсил аҳамияти хос дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ, ки аз зумраи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, корҳои зиёд амалӣ гардиданд. Дар ин бора Ректори Донишгоҳи мазкур, академик Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотии ин муассисаи таҳсилоти олӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дод.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишасти матбуотӣ аз бурду бохти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуд.
Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд, ки дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2017 оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди таълим ба масъулини соҳаи маориф доданд, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ» таъсис дода шуд.
«Ин иқдом агар аз як тараф қадаме барои гузаштан ба таҳсилоти фосилавӣ бошад, аз ҷониби дигар дар самти гузариш ба низоми ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд»,- илова намуд номбурда.
Ҳоло, — гуфт Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, — тамоми имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ба таври марказонидашуда қабул карда мешаванд. Зеро дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ синфхонаҳои компютерӣ ташкил карда шуда, усулҳои анъанавие, ки қаблан буданд, пурра аз байн рафтанд.
Зикр шуд, ки тадбирҳои андешидашуда ба донишҷӯёне, ки дар системаи нав таҳсил мекунанд ва тамоми санҷишҳои худро дар назди компютер месупоранд, муфид буда, аз тарафи дигар барои баланд бардоштани сифати таҳсил заминаи устувор гузоштаанд.
Зимнан, 1 сентябри соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил аз он ёдовар шуданд, ки «мо бояд аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем».
Дар ин радиф, метавон ёдовар шуд, ки соли 2018 шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бо интернети беноқил (Wifi) пайваст карда шуд.
Тавре Муҳаммадюсуф Имомзода гуфт: «Имрӯз шаҳраки донишҷӯён пурра бо интернети беноқил пайваст мебошад. Ман тахмин ҳисоб карда баромадам, ки он шояд аз нигоҳи масоҳат дар Осиёи Миёна яке аз калонтарин бошад, ки чунин шароитро дорост».
Ин тадбир, — гуфт номбурда, — имкон дод, ки ҷараёни таълим пурра ба идоракунии электронӣ гузаронида шавад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз бо гузаштан ба таҳсилоти фосилавӣ қариб ҳамаи донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи ДМТ ба ин система ворид шуданд. Яъне донишҷӯ дар ноҳияи дурдаст қарор дорад ва аз онҷо истода, маводи худро омода мекунад, ба саволҳои додаи муалим ҷавоб мегӯяд ва он ба таври худкор дар компютер ворид мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои дорои базаи бойи илмии мамлакат ба ҳисоб рафта, дастпарварони он дар ҳама ҷо, аз ҷумла, дар хориҷи кишвар муаррифи илми тоҷик мебошанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






