Омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва надоштани маълумоти касбӣ аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳост

Январь 23, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо филиали ташкилоти хориҷии “GOPA” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    таҳти унвони «Омӯзиши  масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур  муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулфия Давлатзода, муовини Вазири  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдусалом Мирзозода, муовини  раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Азизуллоҳ Мирзозода, намояндагони вазорату идораҳо ва Шӯрои уламо иштирок  ва маърӯза намуданд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки пешгирии ҷудошавии оилаҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта,  ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.

«Муноқишаи оилавӣ асосан дар оилаи носолим бо баҳонаи ночиз, баҳсу мунозираи зану шавҳар, хушдоману келин, фарзандони нохалаф ва бадахлоқ сар зада, сабаби ҷудошави оилаҳо мегардад. Дар ҷомеаи имрӯза сабабҳои асосии  ҷудошавии оилаҳо-ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, надоштани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират мебошанд. Имрӯз сабабу омилҳои зиёди ҷудошавии оилаҳо ҷой дошта, пешгирӣ ва ҳалли  ин масъала аз ҳар яки мо, масъулини сохторҳои  дахлдор иҷрои вазифаҳои мушаххасро талаб менамояд»,- гуфт мавсуф.

Мувофиқи маълумоти   оморӣ, дар ёздаҳ моҳи соли  2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 ҳазору 592 нафар оила бунёд намуда, 10 ҳазору 140 нафар оилаҳо аз ҳам ҷудо гардидаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2017  7,9 фоиз зиёд мебошад.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулфия Давлатзода, имрӯз дар назди Кумита ҳуқуқшиносон ва равоншиносон фаъолият дошта, оилаҳои ҷавон ҳамарӯза аз маслиҳатҳои онҳо бархурдор мебошанд. Шаҳрвандоне, ки ба Кумитаи кор бо занон ва оила бо мақсади бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат карданду  имконияти ба созиш овардани онҳо мавҷуд буд, баъд аз даъвати тарафҳо ва корбарии кормандони Кумита 90 оила ба созиш оварда шуд.

Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода зикр намуд, мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши  «Омӯзиши  масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ин пайдо намудани сабабҳои ҷудошавӣ ва роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   имрӯзҳо ба  масъалаи пешгирии издивоҷи хешовандони наздик, никоҳи барвақтӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон  диққати  ҷиддӣ дода, баҳри бартараф намудани ин масоил тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

Январь 23, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?