Пагоҳ дар вилояти Хатлон ҷашни Сада таҷлил мешавад

Январь 11, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 11.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 12  январ дар шаҳри  Бохтари вилояти Хатлон   бахшида  ба  ҷашни Сада намоиши вилоятӣ баргузор  мегардад.

Тавре аз шуъбаи  иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар намоиш  намояндагони тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида,  маҳсулоти   кишоварзӣ  ва  ҳунарҳои  мардумиро  ба тамошои сокинон ва меҳмонони шаҳр мегузоранд.

Ҳамзамон  ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии  ба  номи Ато Муҳаммадҷонов  барномаи  рангин  омода кардаанд.  Аз тарафи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти Хатлон  ба  пешқадамони соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба рўзноманигорон барои инъикоси  масоили  кишоварзӣ дар вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

Январь 11, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид