Пагоҳ Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 31 январ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2018 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Роҳбарияти Палатаи ҳисоб соати 09:00 дар Палатаи мазкур ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух медиҳанд.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишаст мегузаронад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак соати 11:00 дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Маркази миллии тестӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид






