Пагоҳ Прокуратураи генералӣ, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Январь 28, 2019 14:28

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  29 январ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2018 барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Прокуратураи генералӣ соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баргузор мешавад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 10:00 дар толори Кумитаи мазкур ва Кумитаи рушди маҳал соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»  нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.

Январь 28, 2019 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад