«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Таҳти ин ном дар Душанбе дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» доир гардид.
Тавре мухбри АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар ҳамоиш Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва дигарон ширкат варзиданд.
Аҳтам Абдуллозода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки ҲХДТ зодаи даврони истиқлол буда, аз давраи аввали фаъолияташ волоияти қонун, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти иҷтимоиву иқтисодии кишварро пешаи худ қарор додааст. Он давоми зиёда аз 20 соли фаъолияти пурсамар сазовори муҳаббату самимияти аҳли ҷомеа гардидааст.
Мавсуф изҳор намуд, ки таваҷҷуҳи махсуси Давлату Ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавони мамлакат аст, ки онҳо ба комёбиҳои беназир мушарраф мегарданд
Зикр шуд, ки ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳарактдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат сабаби болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ зиёд менамояд.
Тавре Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ иброз доштанд: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
«Ин итминону боварии раҳбарияти кишвар ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳамарӯза бештар дар ҷодаҳои худ талош ва дар зинаҳои баланди касбӣ саъй намоем. Супоришҳои Паёми навбатиро барои худ масъулияти бузург дониста, ҳамеша ҷиҳати рушди масоили мубрами ҷомеа кӯшиш намоем»,- илова намуд А. Абдуллозода.
Зикр гардид, ки ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон соли дуюм аст, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо доираи васеи ҳизбиёни ҷавон доир карда мешавад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.
Дар конфронс ҳамчунин баён гардид, ки ҳадафи асосии сиёсати ҷавонон- ин муттаҳид сохтани неруи созандаи насли ҷавон дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Абдураҳмон Хонов зикр намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро- баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад.
Иштирокдорони ҷамъомад дар баробари шарҳи нуктаҳои муҳими Паём ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ободкорӣ даъват намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як гурӯҳ ҳизбиёни ҷавон аз тарафи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






