Пардохти роҳкиро дар хатсайрҳои автобусҳои №1, №7 ва №43 тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад

Январь 31, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 1 феврали соли 2019 дар хатсайри автобуси №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки аз ин рӯз ба баъд дар хатсайри автобуси №7 (Терминали «Шарқ-транс» — маҳаллаи Дилшод) ва №43 (Терминали «Шарқ-транс»- Маркази ташхиси техникӣ) низ пардохти роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ роҳандозӣ карда мешавад.

«Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд», — иттилоъ дод манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки  шурӯъ  аз   1 апрели соли равон  дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе —  автобусу   троллейбус  пардохти роҳкиро  пурра     ба шакли  ғайринақдӣ, дар айни замон  ба воситаи  корти ягонаи  «Cityсard» ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани  корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус   барои донишҷӯён 30 фоиз,  барои дигарон 15 фоиз  тахфиф  пешниҳод мешавад.

Январь 31, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад