«Паёми Пешвои миллат- вазифаи солона барои ҳама ва ҳар кадоми мо». Мулоҳизаҳои Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда аст», — навиштааст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло РАҲМОНЗОДА. Матни пурраи нигориши ӯро дар зер мутолиа намоед.
Ба андешаи мо мақсади ироаи Паём аз он иборат аст, ки ҳар сокини ин кишвар вазифаи худро аз он дар роҳи давлатсозию ватандорӣ ба таври амиқу дақиқ муайян ва дар амал татбиқ созад. Агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳамият диҳем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст. Масалан, агар имрӯз бекорӣ, надоштани шуғли доимӣ ва монанди ин ба проблемаи асосии як қишри ҷомеа мубаддал гашта бошад, пас метавон онро низ тибқи нишондодҳои Паём ҳал намуд. Дар ин росто, вазифаи мақомоти давлатӣ, бахусус ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ниҳодҳои ҲХДТ аз он иборат аст, ки на фақат бандҳои Паёми Пешвои миллатро бояд шарҳу тавзеҳ диҳем, балки дар мафкураи ҳар сокин ин фаҳмишро ҷой намоем, ки аз Паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрванди амалӣ намояд. Яъне аҳли маориф дар сатҳи рушди илм, сифати таълиму тарбия ва монанди инҳо, табиб дар самти сиҳатии омма, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва ғайра, мардум дар самти иҷрои қонунҳои миллӣ, тарбияи фарзандон, корҳои барои ҷомеа муфид ва ҳатто бекор бояд ҷиҳати ёфтан ва офаридани ҷойи кор масалан, дар заминаи ҳунарҳои мардумӣ саъю талош кунанд.
Ҷои зикр аст, ки сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2018 дар самти тарғиб ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро ба анҷом расониданд. Онҳо аввалин бор дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ин росто самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиро мушаххас карда, дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо ба таври фарогир сокинонро ба саҳм гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои асосии Паём сафарбар намуданд. Ин тадбиру иқдомҳо аҳамияти баланди ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти наздик будани сохторҳои ҳизбӣ бо халқ амалан собит кард. Дар ин самт аз ҷониби сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дигар иқдомҳои шоиста низ рӯи даст гирифта шудаанд, ки муҳтавои онҳо дар ҳисоботи солона ва воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ батафсил зикр гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ — ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО «Роғун», пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.
Ҳамзамон Пешвои миллат дар назди вакилони халқ, Ҳукумат ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як зумра вазифаҳои муҳим гузоштаанд, ки мо, масъулин ва фаъолони ҷомеа якҷо бо сокинон метавонем дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем. Аз ҷумла, вобаста ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди коммуникатсияи кишвар аз роҳи сафарбар намудани аҳли ҷомеа ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва бунёди роҳҳои маҳаллӣ, саҳм гузоштан дар рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум тавассути таъмини татбиқи пурраи қонунҳои миллӣ, бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар самти тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии мамлакат ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, мусоидат дар тақвияти неруи инсонӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ, тарғиби афзалиятҳои соҳибкорӣ бо мақсади инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ва ғайра.
Ҳамзамон дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳо дар доираи 15 самту соҳаҳои муҳими ҷомеа – молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.
Дар Паём ба самти рушди молия диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар муҳокимаи масъалаи мазкур пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии раванди тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи бозорҳои молиявӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, таъмин намудани фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд. Тадбирҳое, ки Пешвои миллат дар ин росто ироа доштанд, амалӣ гаштанашон, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, раҳо ёфтан аз бахше вобастагиҳои иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии ҳар як сокини кишвар равона шудаанд. Аз ин рӯ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти рушди иқтисоди миллӣ мо, фаъолони ҷомеа ва масъулини сохторҳои алоҳидаро мебояд ҳангоми суҳбату вохӯриҳо бо мардум ба дарки ҷомеа аҳамияти супоридани андоз ва дигар пардохтҳои давлатиро расонем, истифодаи босамар аз воситаҳои хизматӣ ва сарфакорона харҷ кардани маблағҳои буҷетиро таъкид кунем, зеро буҷети давлатӣ ин дар маҷмӯъ дороии ҳар яки мост. Мо бояд ба дарки соҳибкорон аҳамияти сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои хурду бузурги тиҷоратии сатҳи маҳалро расонем, моҳияти истифода аз хизматрасонии бонкӣ, гузоштани пасандозҳо ва истифода аз қарзҳои имтиёзнокро фаҳмонем, ва ин нуктаро таъкид созем, ки кортҳои пулӣ танҳо воситаи пулнақдкунӣ набуда, аз онҳо ҳамчун як воситаи мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани пул мутобиқ ба эҳтиёҷот истифода баранд, то ба мувозинати хизматрасонии бонкҳо низ таъсири манфӣ нарасад ва ғайра.
Пешвои миллат дар Паёми имсола саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, таъкид намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад. Дар ин муддат амалишавии нақшаи гузариши кишвар аз шакли аграрӣ ба индустриалӣ – аграрӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда мешавад Ин тадбирҳо дар дарозмуддат сабаби рушди иқтисоди миллӣ гардида, Тоҷикистонро аз кишвари рӯ ба рушд ба марҳилаи нави тарақиёт ворид месозанд. Дар ин самт мо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро, ки масъулияти сафарбаркуниро ба дӯш дорем, мебояд таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онҳо ҷалб сохта, аҳамияти зиёд кардани содирот ва кам кардани воридотро дар пешрафти иқтисод ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа ба таври дахлдор фаҳмонем, соҳибкоронро ба моҳияти «Стратегияи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба таври зарурӣ шинос карда, саҳми онҳоро дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ фаҳмонем, бо шарҳу тавзеҳи имтиёзҳои дар Паём пешбинишуда дар самти иқтисод ва саноат мардумро ба амалисозии лоиҳаҳои гуногун ва ворид намудани технологияи муосир ҳавасманд созем, дар заминаи рушди иқтисодиёти кишвар зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои алоҳида, стипендия ва ҳадди ақаллу ҳадди ниҳоии нафақаро бо ҷалби мутахассисони молияшинос дар байни мардум шарҳ дода, дар ин замина аҳамияти масъулияти шаҳрвандиро дар супоридани андоз ва иҷрои дигар уҳдадориҳои давлатӣ фаҳмонем. Мо бояд соҳибкоронро бо назардошти фаҳмонидани имтиёзҳои пешбинигардида дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳавасманд созем, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фаъол гардонидани сармоягузории хориҷӣ мусоидат намоем ва ғайра.
Бояд гуфт, ки расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, тавре дар Паём зикр гардидааст, дар 10 соли охир иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 120 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон доир ба аҳамияти сохтмони НБО «Роғун», нақши он дар дароз шудани умри НБО «Норак», то 4 миллиард киловат/соат афзудани тавоноии неругоҳҳои амалкунандаи масири дарёи Вахш ва лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 андешаҳои таҳлилӣ пешниҳод карда шуд.
Дар зимн мебояд ёдовар шуд, ки фаъолони ҷомеаро зарур аст бо саҳми арзандаи худ корҳои зеринро ба анҷом расонанд: дар самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа, вобаста ба оқилона ва сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ва сари вақт супоридани ҳаққи хизмати он аз роҳи бурдани тарғиботи фаъол саҳм гузоранд, аз роҳи тарғибу ташвиқи созанда ба раванди гузариш ба ҳисобкунакҳои муосир ва шакли электронии пардохти ҳаққи хизмати барқ суръати тоза бахшида шавад, кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ (сохтани неругоҳҳои барқии нав ва таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда бо назардошти маблағҳои дар ин самт ҷудошуда) ба мардум шарҳ диҳанд, ҷавононро барои кор дар сохтмони аср – НБО «Роғун» ҳавасманд сохта, бартарияти онро нисбат ба кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонанд, моҳияти аз лиҳози экологӣ тоза будани барқи Тоҷикистон ва нақши он дар рушди «иқтисоди сабз»-ро тавассути ВАО васеъ тарғиб намоянд ва ғайра.
Дигар масъалае, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардид, ин масъалаи нақлиёт ва коммуникатсия буд. Тавре зикр гардид: «Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд». Ҳамзамон зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 2100 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 1000 км роҳҳои мошингарди дохилӣ, ҳамчунин нақбу пулу роҳҳои оҳан таҷдиду навсозӣ шуданд. Дар ин самт аз тарафи Пешвои миллат 7 вазифаи Ҳукумати кишвар мушаххас ва муайян карда шуд: тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ, таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот ва ба масири транзити ҳавоӣ табдил додани кишвар.
Дар ин самт вазифаҳои мо, фаъолони ҷомеа аз он иборатанд, ки дар татбиқи вазифаҳои мазкур аҳли ҷомеаро сафарбар намоем, ба соҳибкорон истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ҷиҳати рушди соҳибкорӣ тавсияву тарғиб намоем, моҳияти стратегии коммуникатсия, махсусан, сохтмони роҳу нақб ва пулҳоро дар пешрафти иқтисоди миллӣ ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ диҳем, дастовардҳои Тоҷикистонро ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва раванди иҷрои тадбирҳо дар самти таъмиру навсозии роҳҳои кишвар тарғиб намоем ва ғайра.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат рушди соҳаи кишоварзиро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки «ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад». Ҳамзамон зимни Паём зикр гардид, ки танҳо 10-12%-и нахи пахта дар дохили кишвар коркард шуда, содирот соли 2018 нисбат ба соли 2017 ду баробар афзудааст. Бо назардошти ин Пешвои миллат супориш доданд, ки соли 2019 ягон килограмм пахта бе коркард ҳамчун ашёи хом содир нашавад.
Ҳамзамон Пешвои миллат ба масъалаи азхудкунии заминҳои нави корам ва бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ таъмин намудани мардум бо маводи ғизоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин росто вазифаи мо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ дар ин самт миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ барем, деҳқононро ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони боғу токзор ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин ба хориҷи кишвар содир намудани маҳсули заҳмати худ аз роҳи тарғиботи солим ҳавасманд намоем. Зарур аст, ки ба соҳибкорони истеҳсолӣ аҳамияти молиявӣ ва баланд будани сатҳи даромаднокӣ аз коркард ва баъдан ба фурӯш баровардани нахи пахтаро нисбат ба ашёи хоми он бо ҷалби мутахассисони соҳа фаҳмонем, мардумро тариқи ҳашар ва бо таъмин намудани техникаи ёрирасон ба тоза намудани ҷӯю заҳбурҳои назди заминҳои корам сафарбар намоем, раванди сохтани гармхонаҳо ва аҳамияти он ҷиҳати ба бозор баровардани маҳсулоти барвақтиро ба деҳқонон фаҳмонида, бо ҷалби мутахассисон ҷанбаҳои даромаднокӣ аз онро тарғиб намоем ва ғайра.
Аз масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим, ки дар Паём зикраш рафт, ин масъалаи обу экология буд. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд».
Ҳамзамон Пешвои миллат вобаста ба тағйироти глобалии иқлим, ба вазъи ташвишовари экологӣ гирифтор шудани минтақаҳои алоҳида ва омодагии Тоҷикистон ба таъмини кишварҳои минтақа ба оби нӯшокии аз лиҳози экологӣ тоза изҳори назар намуданд. Бо назардошти мушкилот ва имкониятҳое, ки Пешвои миллат дар ин самт зикр намуданд, моро мебояд амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоем, мардумро бо назардошти урфу одатҳои миллӣ ба эҳтироми об ташвиқ карда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро ба масъалаи имониву виҷдонӣ табдил диҳем, ба сокинон моҳияти пардохти ҳаққи хизмати истифода аз обро ҷиҳати бунёди инфрасохтори нави обкашӣ ва таъмини дигар сокинони кишвар бо оби ошомиданӣ фаҳмонем. Инчунин назари хайрхоҳонаи Тоҷикистонро ҳамчун молики захираҳои бузурги об ҷиҳати таъмини кишварҳои минтақа бо оби ошомиданӣ тавассути ВАО васеъ тарғиб намоем, корҳои хайру сахои мардум, хусусан хароҷоти ғайриқонуниеро, ки дар маъракаҳои азодорӣ ташкил мекунанд, ба самти кашида баровардани хатҳои оби нӯшокӣ ва дигар корҳои созандагӣ дар маҳал сафарбар намоем ва ғайра.
Дар идомаи Паём зикр гардид, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест ва барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо назардошти ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд».
Мақсади асосии ин пешниҳод, пеш аз ҳама, ҳалли масоили иҷтимоии ҷомеа, хусусан сокинони деҳот муаррифӣ шуд. Дар ин радиф мо ҳамчун фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди деҳот тавассути вусъат бахшидани аксияву чорабиниҳои гуногун, масалан, аксияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мусоидат намуда, корҳои хайру сахои сокинонро ба ободонии маҳал ва такмил додани инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳӣ, пеш аз ҳама, инфрасохтори соҳаҳои маорифу тандурустӣ сафарбар созем, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз роҳи сафарбар кардани сокинон ба бунёди муассисаҳои хизматрасонӣ (аз қабили сартарошхона, ҳаммом, дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ…) мусоидат намоем, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллиро аз роҳи ҳашар ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба роҳ монем, аҳли ҷомеаро ба саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо инобати шарҳи мушаххаси имтиёзҳои давлатӣ (андозу пардохтҳо, лоиҳаву грантҳои давлатӣ ва даромадҳое, ки аз ин ҳисоб ба даст овардан мумкин аст) ташвиқ кунем Инчунин аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ (бо назардошти дастовардҳои донишмандони бостоншинос ва коффтуковҳои археологӣ, ҳамчунин қиссаву ривоятҳои вобаста ба он) ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб созем, аҳолиро ҷиҳати дар хона истеҳсол намудани молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳавасманд намоем. Мо бояд барои муаррифии бештари дастовардҳо дар самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аксия ва дигар чорабиниҳои оммавӣ доир намуда, ба ҷомеа фаҳмонем, ки сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ва манбаи ҷойҳои корӣ мебошад, бо ҷалби аҳли ҷомеа дар тозагиву покизагии ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои наздик ба он мусоидат намоем, бо ҷавонон дар мавриди риояи рафтору муносибатҳои дурусти муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоем ва ғайра.
Аз дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ буд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷа ба рушди ин соҳаҳо нигаронида мешаванд. Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар ба масъалаи кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Вобаста ба соҳаи тандурустӣ Пешвои миллат аз паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон, инчунин камбудиҳо вобаста ба масъалаи расонидани кумаки аввалини тиббӣ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳарчи зудтари вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Вобаста ба ин масъала ҳар яки мо фаъолони ҷомеа масъулем, ки ҷавонону наврасонро ба илмомӯзӣ тарғиб карда, ҷиҳати бедор кардани тафаккури эҷодии онҳо ва ихтирооту навовариҳо чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ доир намоем, ҷомеаро ба ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзанд дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ дар муомилаю муносибат ва рафтору гуфтор сафарбар созем, вобаста ба интихоби касби наврасону ҷавонон ва тақвият бахшидани омӯзиш мувофиқ ба касби интихобкардаашон чорабиниҳои маърифатӣ-зеҳнӣ ташкил кунем, эҳсоси рақобати илмиву эҷодӣ ва навовариро дар ҷомеа бо назардошти рушди илму технология дар самту соҳаҳои алоҳида бедор карда, ташаббусҳои созандаро дастгирӣ намоем. Инчунин тавассути вакилони халқ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сатҳи таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ мавриди назорати доимӣ қарор диҳем, ба дарки падару модарон расонем, ки ба таври инфиродӣ сифати таълиму тарбияи фарзандаш ва сатҳи дониши сатҳу сифати дарси омӯзгоронро зери назорат гиранд ва ғайра.
Масъалаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин рушди фарҳанги миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ буд. Тавре Пешвои миллат иброз намуданд: «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем». Нуктаи муҳиме, ки дар ин самт Пешвои миллат баён доштанд, ин ба феҳристи моддиву ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани як қатор иншоот ва дастовардҳои таърихии фарҳангиамон, аз ҷумла чакан ва соли 2020 ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм буд. Дар ин росто вазифаи мо, фаъолони ҷомеа аз он иборат аст, ки бо назардошти иқдоми Пешвои миллат дар самти устувор сохтани мавқеи фарҳангии миллати тоҷик ва ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани мусиқии Фалак, ёдгории Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада ҷиҳати тарғиби таърихи ташаккул ва моҳияти маънавии ҷашну суннатҳои ниёгон ва нақши онҳо дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ тадбирҳои зарурӣ андешем, ҷомеаро дар роҳи амалӣ гардидани вазифаҳои муайяншудаи фарҳанги миллӣ дар марҳилаи муосир сафарбар намоем, бо тарғибу ташвиқи созанда ва нишон додани намунаи шахсӣ дар беҳтар гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангӣ мусоидат намоем. Ҳамзамон тарбияи эҳсоси зебоипарастӣ ва дарки фарҳанги асилро дар замири аҳли ҷомеа ба роҳ андохта, ҷиҳати ҳар чи бештар сафарбар намудани мардум ба муассисаҳои фарҳангӣ талошу кӯшиш намоем, дар рушди фарҳанги миллӣ аз роҳи тарғиби амалии он дар миёни ҷомеа мусоидат кунем, ба хотири рушди фарҳангу ҳунар маҳфилу нишастҳои фарҳангӣ доир намоем ва монанди он.
Аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем». Ҳамзамон нисбат ба ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем». Дар ин росто Пешвои миллат як зумра масъалаҳоеро, ки ба дастгирии давлативу сиёсии ҷавонону занон марбут буд, мавриди баррасӣ қарор дода, ба мақомоти марбута дастуру тавсияҳои муфид доданд. Вобаста ба ин, вазифаҳои мо, аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки дар татбиқи амалии сиёсати Пешвои миллат дар самти занону ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат кунем, аз неруи созандаи онҳо дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳанги милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм васеъ истифода барем, дар рушди инфрасохтори варзишӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб созем, ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳиву ватандӯстиро дар занону ҷавонон бештар намоем ва ғайра
Қисмати ниҳоии Паёми имсоларо ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳад, ки дар рафти он масъалаҳои риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, кафолати ҳамаҷонибаи адолати судӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои терроризму экстремизм баррасӣ карда шуданд. Инчунин аз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, зикр гардид, ки «ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад».
Дар ин самт мо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ уҳдадорем, ки муборизаи мардумро бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ва ғайра тақвият бахшем, дар ҷомеа бо ташкили механизми дурусти корбарӣ ҳисси нафрату муқовимат бар зидди амалҳои номатлубро ба вуҷуд орем, омилҳои зуҳур намудани коррупсияро мушаххас сохта, мавриди муҳокимаи умум қарор дода, маҳкум созем ва дар амри фаро гирифтани мафкураи зиддикоррупсионӣ мусоидат кунем. Моро мебояд саъю кӯшишро, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар сафарбар созем, дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро баланд намуда, нақши онҳоро дар таъмини оромиву субот ва ҳифзи марзи давлатӣ тарғибу ташвиқ намоем, вазъияти мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои пешрафтаеро, ки замоне ба гирдоби таҳаввулоти геополитикӣ афтида, бо аз даст додани сулҳу субот ва амният ба чунин рӯзҳо расидаанд барои аҳли ҷомеа хотирнишон созем, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолиро тарғиб намоем ва ғайра.
Дар хулосаи Паёми худ Пешвои миллат масъулонро ба хизмати софдилона ба халқу ватан даъват намуда, баён доштанд: «Як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад. Бинобар ин, ҳар яки мо — роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо».
Ҳамзамон дар муроҷиат ба халқи шарафманди Тоҷикистон Сарвари давлат иброз доштанд, ки “мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Мо, фаъолони ҷомеа имрӯз вазифадорем, ки дар баробари тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ҳамзамон дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ таъмин кунем.