Раддияи Вазорати корҳои дохилӣ: «Иддаои Юлдошева Кибриё Аскаралиевна комилан бардурӯғ мебошад»

Январь 31, 2019 08:37

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар иртибот ба хабари бархе сомонаҳо таҳти унвони «Зане, ки иддао дошт милисаҳо ӯро бараҳна карданд, аз Русия паноҳгоҳ хост», ки 25 январи соли 2019 нашр шуд, раддия пешниҳод менамояд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯё кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен шаҳрванд Юлдошева Кибриё Аскаралиевнаро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна кардаанд. «Бояд тазаккур дод, ки ин иддао комилан дурӯғ мебошад», — иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Вазорат дар идомаи раддияи худ навиштааст, ки «шаҳрванд Юлдошева К.А. ба хотири аз ҷавобгарии ҷиноятӣ саркашӣ намудан бе ягон далел ба кормандони милитсия тӯҳмат намудааст».

Ба иттилои манбаъ, Юлдошева Кибриё Аскаралиевна, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати Сарбанд, шаҳраки Платина, кӯчаи Абдусаломов, хонаи 12, ҷинояти қаллобӣ содир намудааст.  «7 майи соли 2018 нисбат ба номбурда бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, забонхати ӯ ҷиҳати аз ҷойи истиқомат дур нарафтан гирифта ва парвандаи ҷиноятияш барои баррасӣ ба суди ноҳияи Спитамен ирсол карда шудааст», — хабар  доданд аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки «дар вақти марҳилаи судӣ судшаванда Юлдошева К.А. ба суди ноҳияи Спитамен ҳозир нашуда, аз он саркашӣ намудааст. 15 январи соли 2019 аз тарафи суди ноҳияи Спитамен таъйиноти маҷлиси судӣ таъйин гардида, нисбат ба номбурда кофтуков эълон карда шуд.
24 январи соли 2019 аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Спитамен нисбат ба номбурда парвандаи ҷустуҷӯӣ оғоз карда шуда, дар кофтукови байни давлатҳо эълон карда шуд».

«Айни замон барои дастгир намудани ҷустуҷӯшаванда Юлдошева К.А. корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд», — иттилоъ дод манбаъ.

Январь 31, 2019 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид