Раддияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои нодурусти сомонаи «Ахбор.cом»

Январь 29, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хабари сомонаи «Ахбор.cом», ки гӯё 25 январи соли 2019, тахминан соати 20:00, набераи Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мошини «Mersedes GL» дар назди як фурӯшгоҳ дар шаҳри Хуҷанд сокини деҳаи Виткони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Бахтовар Салимовро пахш кардааст, раддия нашр намуд.

Тавре дар раддияи ин вазорат гуфта мешавад, оид ба ҳодисаи мазкур корҳои фаврӣ-тафтишотӣ  гузаронида шуданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, зимни тафтишот муайян гардид, ки садама дар ҳақиқат рух додааст. «Лекин мошини мазкур ба шаҳрванд Раҳмонов Валиҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Асирӣ, хонаи 81 тааллуқ дорад. Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид», — илова намуд манбаъ.

Дар идомаи раддия чунин гуфта шудааст: «Зимни таҳқиқ муайян карда шуд, ки ронандаи машини мазкур Раҳмонов Валиҷон Ҳакимович ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ягон муносибати хешу таборӣ надорад».

Январь 29, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид