Роҳи Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон бинобар барфрезии бошиддат ва фаромадани тарма муваққатан баста шудааст
ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабаби мушкилоти зиёд дар рафтуомади нақлиёти боркашу мусофирбар дар роҳҳои мошингард гардидааст.
Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон бинобар сабаби фаромадани тармаю кӯҳпораҳо баста мебошад.
Ҳамзамон роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ банд шуда, боришоти бошиддати барф дар ҳудуди вилоят идома дорад.
Ғафсии қабати барф дар маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хоруғ бино ба иттилои Раёсати махкур, 35 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ғафсии қабати барф дар вилоят то ба 75 сантиметр расида, сабаби ташвиши сокинон гардидаст. Дар айни замон бошандагон ба тоза кардани бомпӯшҳои биноҳои истоқоматӣ машғул мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон болопӯши ҳафт манзили истиқоматӣ хароб гардида, ҳар лаҳза фаромадани тармаҳо дар роҳҳо аз эҳтимол дур нест.








Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»






