Шаҳрванди Тоҷикистон дар фоҷиаи Магнитогорск ҷароҳат бардошт

Январь 2, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 02.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба шаҳрванди мамлакат, ки баъд аз фурӯравии бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, кумаки зарурӣ мерасонанд. Ҷустуҷӯи аъзои оилаи ӯ идома дорад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба корманди Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар дод.

«Тибқи маълумоти расида, як шаҳрванди Тоҷикистон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, ҳолати ӯ вазнин мебошад. Макони қарори аъзои оилаи ӯ номаълум аст, эҳтимолан онҳо зери харобаҳо қарор доранд. Кормандони  мо тамоми кумаки заруриро расонида истодаанд», — иқтибос меорад гуфтаҳои намояндаи Сафорати Тоҷикистонро ТАСС.

«Кормандони сафорат аз дирӯз бо Вазорати корҳои хориҷии Россия, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти ин кишвар дар тамос ҳастанд. Консули генералии мо дар Екатеринбург низ, ки дар округи консулии он Магнитогорск ҷойгир аст, бо мақомоти дахлдор дар тамос буда, дар макони фоҷиа қарор дорад», — афзуд ӯ.

Рӯзи душанбе, 31 декабри соли 2018, дар шаҳри Магнитогорски Россия дар яке аз даромадгоҳҳои бинои истиқоматии 10-ошёна болопӯш фурӯ рафт. Кумитаи тафтишотии Россия ҳангоми тафтиши сабабҳои фоҷиа таркиши гази маиширо ҳамчун фарзияи афзалиятнок баррасӣ мекунад. Тибқи маълумоти охир, 9 нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Тақдири 36 тани дигар номаълум боқӣ мемонад.

Кумитаи тафтишотии Россия эълон дошт, ки ҳамаи фарзияҳои эҳтимолиро дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск месанҷад, вале фарзияи амали террористӣ тасдиқ нашудааст. Дар ин хусус РБК-Украина бо истинод ба изҳороти расмии Кумитаи тафтишотӣ, ки шоми 1 январ нашр шудааст, хабар дод.

«Дар робита ба хабарҳои гуногун дар ВАО, бояд зикр кард, ки дар айни замон дар маконҳои тафтишшудаи харобаҳо нишони дастгоҳҳои тарканда ё ҷузъи онҳо пайдо нашудааст», — тасдиқ мекунад Кумитаи тафтишотӣ.

Чанде пеш Кумитаи тафтишотии Россия изҳор дошт, ки фарзияи афзалиятноки фурӯравии даромадгоҳ дар Магнитогорск таркиши гази маишӣ мебошад.

Роҳбари ин кумита Александр Бастрикин гуфт, ки тафтиши охирин дар бинои мазкур моҳи май гузаронида шудааст, вале он замон на ҳама ҳуҷраҳо санҷида шуда буданд.

Чанде қабл ВАО бо истинод ба манбаъҳо хабар доданд, ки тафтишот макони таркишро дар бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск – ҳуҷраро муаяйн кардааст ва гӯё он ҷо нишонаҳои гексогенро пайдо кардаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки гӯё се нафар террористон шоми 1 январ дар мошини тамғаи «Газел» кушта шуда, 1 каси дигар фирор кардааст ва 1 тани дигар дар ҷустуҷӯ қарор доштааст. Вале ин маълумот тасдиқ нашудааст.

1 январ мақомоти вилояти Челябинск иттилоъ доданд, ки рӯзи сешанбе дар Магнитогорск бар асари оташ гирифтани таксии маршрутӣ се нафар ҳалок гардиданд.

Январь 2, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд