ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 январ, ҷумъа, 11-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 11, 2019 08:00

11 январи соли 2014  дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуд.

***

9 сол пеш, 11 январи соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Созишнома миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  Ҷуҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омода кардани лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 ВАО хабар доданд, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА  олими ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори Ҷоизаи ба номи Питер Каптстик гардид.

11 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии ташаккур.

***

Дар Албания- Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

 11 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе консерти мусиқии муосири асбобҳои мусиқавии маъмулии японии кото ва сямисен баргузор гардид.

 ***

11 январи соли 2018  дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин «Маркази иттилоотии сайёҳӣ» ифтитоҳ ёфт.

***

11 январи соли 1952 Комиссияи СММ оид ба бесилоҳ кардан таъсис дода шуд.

***

60 сол муқаддам, 11 январи соли 1959 дар Ветнами Ҷанубӣ бисёрникоҳӣ манъ карда шуд.

***

11 январи соли 1982 дар Брюссел ҷаласаи махсуси Шӯрои Паймони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ бахшида ба муҳокимаи «Вазъ дар Полша» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1989 намояндагони 149 давлати дунё зери баёния дар бораи манъи истифодаи газҳои заҳролуд ва яроқи биологию химиявӣ имзо гузоштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки олимони тоҷик навъи нави картошкаро коркард карданд.

***

 Соли 1913 дар Ню-Йорк аввалин автомобили тамғаи седан дар ҷаҳон намоиш дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 11, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст