ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 январ, шанбе, 12-умин рӯзи соли 2019 аст
12 январи соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
***
12 январи соли 2009 ВАО хабар доданд, ки бино ба маълумоти расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 470 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.
12 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Россия — Рӯзи прокуратура.
***
Дар Танзания – Рӯзи инқилоби Занзибарӣ.
***
Дар Туркманистон – Рӯзи хотирот.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
12 январи соли 2012 Ассотсиатсияи «Клуби иқтисодии олимони Авруосиё» дар сомонаи www.group-global.org шабакаи зеҳниро дар қолаби сомонаи муоширатии G-Global фаъол намуд.
***
12 январи соли 2016 ҳамлагари аргентинагии дастаи «Барселона»-и Испания Лионел Мессӣ барандаи «Тӯби тиллоӣ»-и Федератсияи байналмилалии футбол гардид. Маросими супоридани ҷоизаи «Беҳтарин футболбози соли 2015» ҳангоми шабнишинии калон дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор гардид.
***
68 сол муқаддам, 12 январи соли 1951 Конвенсия дар бораи огоҳ намудани ҷиноятҳои генотсидӣ (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ) ва ҷазо ба он, ки Ассамблеяи Генералии СММ 9 декабри соли 1948 қабул намуд, ба ҳукми амал даромад.
***
Дар ин рӯзи соли 1953 Ассамблеяи миллии Югославия Конститутсияи нав қабул намуд.
***
12 январи соли 1953 дар Эдмонтон (Канада) биржаи пулӣ кушода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1999 барои нархи тӯби бейсбол рекорд гузошта шуд — он дар музоядаи Ню-Йорк бо арзиши 3 миллиону 54 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад