ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 январ, якшанбе, 13-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 13, 2019 09:00

13 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он, аз ҷумла, зикр гардид: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ, 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ  бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд».

***

3 сол пеш, 13 январи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи эълон намудани соли 2017 «Соли ҷавонон» фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул намуд, ки мувофиқи он дар баробари Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба дигар бонкҳо, ба монанди «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Бонки Эсхата» ҳуқуқи фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» дода шуд.

13 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Того — Рӯзи озодӣ.

***

Рӯзи матбуоти Россия.

***

Дар Литва — Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 январи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисодӣ» — ро баррасӣ намуд.

***

13 январи соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овард, ки аз гардиши ғайриқонунии аcъори хориҷӣ боэҳтиёт  бошанд.

***

9 сол пеш, 13 январи соли 2010 дар Ню-Йорк ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 дар Париж Конвенсия дар бораи манъ намудани коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи химиявӣ ва нобуд кардани он қабул карда шуд.

***

13 январи соли 2000 бойтарин шахси ҷаҳон Билл Гейтс аз роҳбарии ширкати «Майкрософт» рафт ва ин вазифаро ба зиммаи Стив Болмер гузошт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1703 дар Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Ведомости» нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 13, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст