ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 январ, шанбе, 19-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 19, 2019 09:00

19 январи соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.

***

6 сол пеш, 19 январи соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан  аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон  аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намуд.

19 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Беларус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.

***

Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.

РӮЙДОДҲО:

 19 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

19 январи соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1903  дар Франсия дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — «Тур де Франс» эълон ба нашр расид.

***

19 январи соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.

***

 Соли  2016 дар Япония дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра- Ясутаро Коидэ вафот кард.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 19, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст