ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 январ, сешанбе, 29-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 29, 2019 08:00

29 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

9 сол пеш, 29 январи соли 2010 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2009 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2010 муайяну мушаххас  карда шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф» — ро  ба тасвиб расонид.

 29 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Молдова – Рӯзи кормандони прокуратура.

***

Рӯзи ихтироъ кардани автомобил.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони муҳофизони сӯхтор.

 РӮЙДОДҲО:

 29 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои гуногунҷанбаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Корея баррасӣ шуданд.

***

29 январи соли 2017 дар «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе иди Сада, яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон ва форсизабонон таҷлил карда шуд.

***

123 сол муқаддам, 29 январи соли 1896 физики америкоӣ Э. Груббе аввалин маротиба дар ҷаҳон барои табобати саратон  радиатсияи радиоактивиро истифода бурд.

 ***

29 январи соли 1919 Конгресси ИМА ба Конститутсия тағйироти XVIII ворид намуд, ки истеҳсол, воридот ва фурӯши маҳсулоти спиртиро манъ мекард.

***

Дар ин рӯзи соли 1926 дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии дарсҳои ҳарбӣ дар мактабҳо ҷорӣ карда шуд.

***

29 январи соли 1947 дар Британияи Кабир ҳарорати пасти рекордии ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки -26,7 дараҷа хунукиро ташкил дод.

***

29 январи соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои мубориза бо вируси Зика гурӯҳ ташкил дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2017 дар муҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе аввалин намоиши корҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1833 дар Санкт-Петербург аввалин маротиба дар таърихи Россия почтаи байнишаҳрӣ таъсис дода шуд.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 29, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш