ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, чоршанбе, 30-юмин рӯзи соли 2019 аст
30 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
***
2 сол пеш, 30 январи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия – 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеи созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост».
***
Дар ин рӯзи соли 2017 маҷаллаи туристии «34travel» дар асоси тадқиқоти яке аз калонтарин ширкатҳои фаромиллии ИМА- «MasterCard» рейтинги 5 шаҳрро, ки имкониятҳои зиёди сайёҳӣ доранд, нашр намуд. Дар рейтинги мазкур мақоми аввалро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе касб намуд. Ба рӯйхат инчунин пойтахти Булғористон– шаҳри София, пойтахти Руминия – Бухарест, шаҳрҳои Касабланкаи Марокаш ва Бостони ИМА шомил шуданд.
30 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ САДА. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст».
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
30 январи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.
***
2 сол пеш, 30 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
30 январи соли 1921 дар Англия футболи занона манъ карда шуд.
***
71 сол муқаддам, 30 январи соли 1948 дар шаҳри Санкт-Моритси Швейтсария маросими кушодашавии панҷумин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид, ки 8 феврал ба анҷом расиданд.
***
30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 2018 дар Тоҷикистон бори аввал иди бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ – соли 2018 Иди Садаро («Мелоди оташ») ном гирифтанд. Ва ҳақ ба ҷониби гуфтаҳои Пешвои миллат мебошад, зеро он ифодаи амиқтарини ин анъанаи бостонии халқи тоҷик аст, ки аз қаъри асрҳо ба мо омада расидааст.
***
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҷаласаи Кумитаи марказии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он қарори таъсис додани Лигаи миллии футбол қабул карда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад