ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 январ, шанбе, 5-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 5, 2019 09:00

5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони НБО «Роғун» ба мардум муроҷиат намуданд.

***

2 сол пеш, 5 январи соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат карданд.

5 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 январи соли  2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

5 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

97 сол пеш, 5 январи соли 1922 дар шаҳри Вашингтони ИМА оид ба манъи истифодаи киштии зериобӣ бар зидди киштиҳои тиҷоратӣ шартномаи байналмилалӣ баста шуд.  

 ***

5 январи соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод вохӯрии панҷ роҳбари давлатҳои осиёимиёнагии узви ИДМ – Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Ҷумҳурии Қазоқистон додани шиносномаи биометрӣ оғоз гардид.

***

5 январи соли 2010 ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири вақти мамлакат Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ, ки  2 январи соли 2010  бар асари заминҷунбии сахт зарар дида буд, сафар карданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

5 январи соли 2016 ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд, ки дар соҳаи тибби вилояти Суғд рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникии №1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурдаи модараш бомуваффақият гузаронида шуд.

***

Соли 1796 муҳандиси англис Ҷемс Уатт барои ихтирои мошини буғӣ соҳиби шаҳодатнома гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 5, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст