ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 январ, душанбе, 7-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 7, 2019 08:00

7 январи соли 1993 миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

17 сол пеш, 7 январи соли 2002 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Сенати Конгресси ИМА масъалаҳои ҳамгироии Тоҷикистону Амрико дар доираи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мусоидат ба ташаккули Афғонистони осуда ва расондани кумаки башардӯстона ба мардуми он баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баъди таъмир ва навсозӣ Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» расман ба истифода дода шуд.

 7 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Камбоҷа – Рӯзи ғалаба бар генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ).

***

Дар Либерия – Рӯзи пешравон.

РӮЙДОДҲО:

7 январи соли 1930 Қарори Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар бораи баҳисобгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон қабул гардид.

 ***

7 январи соли 1956 Индонезия дар бораи баромадани худ аз ҳайати Созмони Милали Муттаҳид хабар дод.

***

4 сол пеш, 7 январи соли 2015 дар Париж дар идораи маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо» амали террористӣ ба амал омад ва дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ҷангиён 12 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳат бардоштанд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол аввалин раддабандии дастаҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Точикистон чун дар раддабандии моҳи декабри соли 2015 мақоми худро нигоҳ дошта, бо ба даст овардани 196 хол  зинаи 148-умро касб намуд.

 ***

7 январи соли 2016 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи футболи наврасони Тоҷикистон (U-22) дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод – 2016  бо  чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон – дастаи Истиқлоли Душанбе бозӣ анҷом дод.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1927 аввалин маротиба дар ҷаҳон алоқаи телефонии фароатлантӣ ба роҳ монда шуда, Ню-Йоркро бо Лондон пайваст.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 7, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст