ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 январ, сешанбе, 8-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 8, 2019 08:00

8 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

 ***

4 сол пеш, 8 январи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи хиёнаткоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Шарли Эбдо», ки 12 нафар  ба ҳалокат расиданд,  ба Президенти вақти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муҳокима гардиданд.

8 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷазираҳои шимолии Мариана – Рӯзи Иттиҳод.

РӮЙДОДҲО:

8 январи соли 2013 лоиҳаи «Кумаки техникӣ оид ба дастгирии ислоҳоти тандурустӣ дар Тоҷикистон» оғоз гардид.

***

8 январи соли 1912 Конгресси миллии Африқо таъсис дода шуд.

***

58 сол муқаддам, 8 январи соли 1961 франсузҳо дар раъйпурсӣ барои таъмини истиқлолияти Алҷазоир овоз доданд.

***

8 январи соли 2010 дар пойтахти Салвадор қариб баъди ним асри танаффус Сафорати Куба ифтитоҳ карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 Лигаи футболи  Тоҷикистон сомонаи расмии интернетии  худро бо суроғаи www.tfl.tj  ва www.flt.tj ифтитоҳ намуд.

***

Соли 1861 дар Империяи Россия аввалин шумораи рӯзномаи «Вокруг света» нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 8, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш