ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 январ, чоршанбе, 9-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 9, 2019 08:00

9 январи соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

15 сол пеш, 9 январи соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо раиси вақти вилоят Алимамад Ниёзмамадов суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлат ба раиси вилоят супориш доданд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, бахусус расонидани кумак ба оилаҳои зарардида, таъмиру барқароркунии роҳҳо, хатҳои алоқа, барқ ва дигар иншооти маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои    байналмилалии варзишӣ фармон ба имзо расониданд.

 9 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Панама – Рӯзи фидокорӣ.

***

Дар Тайиланд – Рӯзи кӯдакон.

РӮЙДОДҲО:

 9 январи соли 2009 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби нави шоир ва публитсисти номдори тоҷик Зиё Абдулло таҳти унвони «Ҷоми Симурғ» баргузор гардид.

***

9 январи соли 2014 намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои  Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омад.

***

4 сол пеш, 9 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дурнамои рушд ва афзоиши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соли 2015 баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи рақобат»-ро баррасӣ кард.

***

9 январи соли 1951 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи бинои СММ баргузор гардид.

***

9 январи соли 1962 Куба ва Иттиҳоди Шӯравӣ созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расониданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1799 аввалин маротиба дар таърихи  чаҳон дар Англия андоз аз даромад ҷорӣ карда шуд.

***

Соли 2007 аввалин iPhone пешниҳод карда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 9, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст