«Таблиғи босмачигарӣ-навъе аз терроризми мафкуравӣ» — шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 24.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро чоп намудааст.
«Ҷумҳурият»- нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи сешанбе, 22 январ, №17 (23620) Фармон ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таъйиноти кадрӣ дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намудааст. Инчунин хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумораи рӯзнома мақолаҳои «Пешвои миллат ва ҷилои корнамоиҳои таърихӣ дар оинаи соли 2018», «Давлат, сиёсат ва ҷомеа муаррифӣ шуд», «Қубодиён: аз қалъаи Мир то шаҳраки Қайқубошоҳ», «Гумрук дастгири соҳибкорон дар меҳвари фаъолият аст» ва дигар хабару гузоришҳоро мутолиа намоянд.
«Садои мардум»- нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №10, панҷшанбе, 24 январи соли равон дар радифи нашри Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати мамлакат, ҳамзамон мақоларо таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (солномаи Пешвои миллат -2018)-ро чоп намудааст, ки он доир ба сафарҳои давлатию расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ, назири Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Чин ва чорабиниҳои сатҳи баланд, ки дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, нақл мекунад. Ҳамзамон «Садои мардум» дар ин шуморааш мақолаҳои пурмуҳтаворо таҳти унвони «Электробус беҳтар ё троллейбуси беноқил?», «Соҳаи нафту газро дуруст ба роҳ мондан мумкин, агар…», «Тоҷикистон ва мавқеи тағйирнопазири он дар сиёсати байналмилалӣ», «Рушди деҳот. Мушкилот ва дурнамо», «Маёзор мӯре, ки …» -ро чоп намудааст. Муаллифи мақолаи «Маёзор мӯре, ки …» андешаҳояшро атрофи масъалаи муҳими ҷаҳон- терроризму экстремизм ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир баён карда, бо такя ба омор гуфтааст, ки «тибқи маълумоти коршиносон, дар ҷаҳон 500 созмони террористии пинҳонкор амал намуда, солҳои охир аз худ зуд-зуд дарак медиҳанд. Маблағи барои терроризм сарфшаванда дар маҷмӯъ, аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад».
Нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи рӯзи чоршанбе, №5, 23 январи соли равон дар саҳифаҳояш Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба тағйироти кадрӣ дар сохтори Ҳукумат, инчунин мавод вобаста ба ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро интишор намудааст. Хонандагони ин нашрияи русзабони Тоҷикистон имкон доранд мақолаҳои «Эмомалӣ Рахмон и Год разивития туризма и народных ремесел. Летопись Лидера нации -2018», «Жизнь нации зависит от жизни языка», «Эмомали Рахмон о современном мире и внешней политике», «Чтобы стать свободными, мы должны быть рабами закона», «Время оказало обратное», «Сказание о Хошиме Гадо», «Место действий –блокадный Ораниенбаумский пятачок», «Право на один выстрел» ва дигар хабару гузоришҳоро мутолиа намоянд.
«Минбари халқ» нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар нашри рӯзи чоршанбе, 23 январи соли равон №4 (1193) маводро доир ба маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 январи соли равон дар Душанбе доир гардид, инчунин Солномаи Пешвои миллат-2018 «Эмомалӣ Раҳмон ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Гузориши Human Rights Watch иғвогарона аст», «Бақайгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро чӣ гуна мефаҳмед?», «Ҳаҷв камбудиро ислоҳ ва бемориро дармон мебахшад»-ро нашр намудааст.
Нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» дар шумораи 3 –и рӯзи чоршанбе, 23 январ маводро роҷеъ ба маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин «Одобномаи корманди ҳизбӣ» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти ҳизб дар пойтахти мамлакат интишор намудааст.
«Фараж»-рӯзномаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар шумораи 4, чоршанбе, 23 январ мақолаҳои пурмуҳтавою хонданбоберо чоп намудааст. «Анварпошшо: ҷосуси Ленин ё англис?», «Шаш соли зиндагии тоқатфарсои як омӯзгор», «Меҳнат рушди камолоти инсонист» ва «Таблиғи босмачигарӣ- навъе аз терроризми мафкуравӣ» аз ҳамин қабиланд.








Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд






