Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Январь 26, 2019 07:00
26.01.2019, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд.

Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад.

Имрӯз, ки мо дар остонаи ҷашни Сада қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизро ба ифтихори ин ойини деринаи мардумамон самимона табрик мегӯям.

Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.

Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекардаанд. Яке аз сабабҳои ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони маъруфи мо низ аз ҳамин иборат мебошад. Зеро оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ мебошад. Дар айёми Сада рӯзҳо торафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд.

Яъне аз ҳамин шабу рӯзҳо пирӯзии равшанӣ бар торикӣ ва некиву накӯкорӣ бар ҷаҳолату бадкирдорӣ оғоз мегардад, ки ин рамзҳо аз замонҳои хеле қадим ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардуми мо пазируфта шудаанд.

Сада, ки аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад, дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хосса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешавад, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунад. Дар рӯзҳои мусоиди омодагӣ ба ин ҷашн тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо низ аз ҷумлаи корҳои зарурии кишоварзон мебошад.

Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо дар баробари таҷлили ин ҷашн ба масъалаҳои сари вақт шурӯъ кардани корҳои саҳроӣ ва гузоштани заминаи мустаҳкам барои истеҳсоли маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Аслан, ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, мобайни зимистон — вақте сардии ҳаво паст шуда, имкони бо замин сару кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Мардуми кишоварз ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву хушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад.

Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд.

Яъне ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.

Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд.

Бахусус, дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо низ таъсири манфӣ расонида метавонад, омӯзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим мебошад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки суннатҳои ҷашни Сада барои тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, обод кардани маҳалли зист, сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғу токзорҳо ва боз ҳам пешрафтаву зебо гардонидани Ватани азизамон васеъ истифода шаванд.

Бори дигар ҳамаи шумо — ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни бостонии тоҷикон — Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, сулҳу субот ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Январь 26, 2019 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»