Таъйиноти кадрӣ

Январь 28, 2019 16:22

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ дар баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои Айнию Деваштичи вилояти Суғд, шаҳри Роғун, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин дигар сохторҳои давлатӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат бо мақсади аз кишвари аграрӣ ба як кишвари индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон, бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад.

Дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар, Сарвари давлат аз ҷой доштани баъзе камбудиҳо ва ба таври ғайриқаноатбахш амалӣ кардани ҳадафҳои саноатикунонии кишвар, изҳори нигаронӣ намуданд.

Тибқи таҳлили дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар баррасӣ гардида, дар баробари пешравӣ камбудиҳои ҷиддӣ дар дигар сохторҳо низ ба назар расида, Президенти мамлакат пеш аз ҳама сатҳи баланди қонуншиканӣ дар самти тақсими ғайриқонунии замин дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои вазифавии раисони баъзе ноҳияҳо, таъмини нокифояи нақшаи баъзе намудҳои андоз, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар норасоиҳоро махсус қайд карданд.

Бинобар ҷой доштани камбудиҳо дар сохтор ва муассисаҳои зертобеи вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ин сохторҳо бо муовинонашон аз вазифаҳояшон озод гардиданд.

Дар Қасри миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва муовинони вазорати саноат ва технологияҳои нав, сардор ва муовинони Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини вазири молия, раиси шаҳри Роғун, раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштичи вилояти Суғд, раиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифаҳо таъин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки аксарияти кадрҳои ба вазифаҳо таъиншуда кадрҳои ҷавону корозмӯда, ботаҷриба ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ба нафъи давлату миллат ва дар доираи қонун иҷро намудани фаъолияти хизматӣ даъват намуданд.

Таъкид гардид, ки шахсони ба вазифаҳои пурмасъул таъиншуда, ба давлату Ватан ва миллат бо дасту дилу нияти пок кор кунанд, барои рушду пешрафти кишвар саҳмгузор ва баҳри иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускору ташкилотчӣ бошанд.

Таъиноти кадрӣ 28.01.2019

Январь 28, 2019 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон