ТАРАБХОНАИ БРАЗИЛИИ «ЛАТИНО» — ДАР ДУШАНБЕ! Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт озмун барои интихоби лоиҳаҳои беҳтарин тарабхонаҳои шаҳриро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 11.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе озмун барои интихоби лоиҳаҳои беҳтарин тарабхонаҳои шаҳриро ҷамъбаст намуд. Тибқи шартҳои озмун, се ғолиби он барои амалисозии лоиҳаашон дар пойтахт имкон пайдо мекунанд.
Ҳамин тариқ, аз байни беш аз 50 лоиҳаи пешниҳодшуда ҷои аввал насиби лоиҳаи тарабхонаи бразилии «Latino» гардид, ки аз ҷониби ширкати «Cool design» таҳия шуда, 150 ҷои нишаст дорад.
Лоиҳаи тарабхонаи туркии «OZYURT» бо 120 ҷои нишаст, ки аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» пешниҳод гардидааст, ҷои дуюмро гирифт.
Ҷои сеюм ба лоиҳаи тарабхонаи миллӣ дода шуд, дорои 160 ҷои нишаст буда, аз ҷониби КВД «Душанбешаҳрсоз» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе илова намуд, ки минбаъд, бар асоси қарори Раиси шаҳр, лоиҳаҳои мазкур дар пойтахт амалӣ хоҳанд шуд. Муаллифони лоиҳаҳои ғолиб бо дипломи Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе тақдир карда мешаванд.









Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






