ТАРМА. Дар ноҳияи Шуғнон бар асари он се манзили истиқоматӣ хароб гардид

Январь 17, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 16 январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин ҳодиса ягон нафар аъзои ин оилаҳо осеб надиданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз ҳаво дар вилояти Бадахшон соф  буда, фаромадани тармаҳо аз кӯҳҳои сарбаланду барфпӯш ҳоло ҳам ҷараён дорад.

Роҳи сатҳи байналмилалӣ шурӯъ аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷу Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб бинобар фаромадани тармаҳои зиёд ҳоло ҳам банд мебошад.

Масъулини Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди ВМКБ зикр карданд, ки ба таври шабонарӯзӣ  дар ҳамаи роҳҳои бандгардидаи мошингард корҳо ҷараён дошта, техникаи роҳсозӣ ба пок кардани роҳҳо аз  тармаҳо машғул аст.

Гарчанде дар ин самт 35 техника сафарбар шуда бошад ҳам, вале резиши зиёда аз 60 тарма имкон намедиҳад, ки роҳсозон роҳи сатҳи байналмилалиро дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошим боз созанд.

Январь 17, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд