То ҷашни 5500-солагии Саразм дар худуди мамнуъгоҳи он осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд
ХУҶАНД, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар мавзеъи мамнуъгоҳи он бинои нави Осорхонаи замонавии сеошёна бунёд мегардад. Дар ин бора сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм Норинисо ХУДОЁРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА иттилоъ дод.
9 январ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин диёри бостонӣ сафари корӣ намуд. Аз ҷумла, дар ин рӯз зимни боздид аз Мамнуъгоҳи таърихӣ – бостоншиносии Саразм аз ҷониби раиси вилояти Суғд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони шаҳри Панҷакент барои сохтмони пойдевори бинои Осорхонаи замонавии сеошёна дар ҳудуди Мамнуъгоҳи Саразм санги асос гузошта шуд. Инчунин дар доираи лоиҳаи корҳои сохтмонӣ бунёди меҳмонхонаи муосир бо тарзи меъмории шарқӣ, деворпанҷараву дарвозаи мамнунгоҳ ва чанд бинои иловагии дигар низ дар назар аст.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ иброз намуд, ки ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ, меҳанпарастии тоҷикон ва тоҷикони бурунмарзӣ хоҳад гашт. Зеро зимни ирсоли Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро қарзи сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.
Ба андешаи Сарвари давлат, ин ҷашн имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Зеро ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Аз ин хотир, роҳбарият ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ омода ва таҷлил гардад.
Дар доираи сафари кории раиси вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ҳамзамон ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, ба сохтмони Беморхонаи нави марказии шаҳри Панҷакент ва биноҳои нави мактабҳои №47 ва №72, воқеъ дар шаҳраки Саразм санги асос гузошта шуд.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба омодагиҳо ба ҷашни 5500 –солагии Саразм чанде қабл дар шаҳри Панҷакент таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ғафуров, директори Осорхонаи миллии бостоншиносии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев ҷаласаи нахустини кумитаи тадорукоти Ҳукумати вилояти Суғд баргузор гардид. Иштирокдорон зимни кори ҷаласа бо мавзеи ёдгориҳои Саразм ва лоиҳаҳои бунёди иншоот дар ин мавзеъи таърихӣ шинос шуда, нақшаи чорабиниҳоро барои корҳои омодагиву ташкилӣ тарҳрезӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ёдгории қадимаи Саразм дар километри 15-уми самти ғарбии шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, ин шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфта, дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва муносибатҳои мардуми тоҷикро таҷассум карда, ёдгории беназир ҳисобида шудааст.
Дар ин радиф, 21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500-сола мебошад, ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2010 он бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид.









Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд






