Вакилони Парлумон ба Қонун «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» тағйирот ворид намуданд

Январь 30, 2019 16:45

ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин бора аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Вакили мардумӣ Бадриддин Садриддинзода зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

«Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар Қонуни амалкунанда, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукаммал гардонидани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, мушаххас намудани заминаи ҳуқуқии истиқлолияти озуқаворӣ ва татбиқи дастуру нишондодҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеоянд, таҳия шудааст», — илова намуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки  дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳои «амнияти озуқаворӣ», «озуқаи ҳаётан муҳим» ва «захираи давлатии озуқа» дар таҳрири нав ва 2 мафҳуми нав «бехатарии озуқа» ва «кафолати таъмини амнияти озуқаворӣ» ворид карда шуданд.

Тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 3, 7 ва 16 пешбинигардида мазмуни матни моддаҳои мазкурро саҳеҳ гардонида, самтҳои таъмини амнияту истиқлолияти озуқаворӣ, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҳадафи ташаккули захираи давлатии озуқаро мушаххас менамоянд.

Январь 30, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид