Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба минтақаҳои мамлакат сафар мекунанд

Январь 3, 2019 11:10

 ДУШАНБЕ, 3.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  дар асоси дастури Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шурӯъ аз 7 январи соли равон ба  минтақаҳои мамлакат -вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон давоми даҳ рӯз дар назди интихобкунандагон  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ  диҳанд.

Инчунин доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Парлумони мамлакат қабул кардааст ва масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ  дар мамлакат табодули назар сурат мегирад.

Январь 3, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид