Вазорати адлия 85 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро рад намуд
ДУШАНБЕ,28.01.2019. /АМИТ«Ховар»/. Соли гузашта дар Тоҷикистон ёздаҳ ташкилоти ҷамъиятӣ дар асоси аризаи Вазорати адлия бо қарори суд барҳам дода шудаанд, ки ин омор соли 2017 даҳ ададро ташкил медод.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин давра ба 51 ташкилоти ҷамъиятӣ огоҳии хаттӣ дода шуд. Алҳол дар кишвар 2 ҳазору 576 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, соли сипаригардида ба вазорат 1 ҳазору 818 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ҳафт ҳизби сиёсӣ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Инчунин соли сипаригардида як ҳазору 718 созмонҳои ҷамъиятӣ вобаста ба қабул намудани грантҳо ва кумакҳо аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ ба Вазорат огоҳинома пешниҳод намуданд,- афзуд вазир.
Бо дахли бақайдгирии аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазири адлияи кишвар зикр кард, ки соли гузашта ба мақомоти адлия 464 ариза ҷиҳати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид. Аз ин шумора, дар ҷумҳурӣ 182 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 39 филиал ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шуданд.
Вазорат дар ин давра 85 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро рад намуд. Дар ин давра 145 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 6 филиали иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






