Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садамаи фоҷиабор дар ноҳияи Дарвоз хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. 29 январи соли 2019, тахминан соати 18:45, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Куканиев Арабшо Аҳмадович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Қалъаи хумб-Хоруғ», дар Ҷамоати деҳоти Вишхарв аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи «Панҷ» чаппа шудааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи садамаи мазкур шаҳрвандон: Худододов Суҳроб Мамаднабиевич, соли таваллудаш 1978, Маъзамова Бунафша Бороновна, соли таваллудаш 1975, Маъзамова Маҳина Бороновна, соли таваллудаш 1990, Абдуллозода Алиҷони Орзӯ, соли таваллудаш 2013, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновна, соли таваллудаш 1982, Давлатзода Абубакри Отамбег, соли таваллудаш 2012, Давлатзода Нигинаи Отамбег, соли таваллудаш 2013, Давлатзода Усмони Отамбег, соли таваллудаш 2016, Давлатзода Умари Отамбег, соли таваллудаш 2015, сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
«Ронанда Куканиев Арабшо Аҳмадович ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст», — хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат.
Аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






