«ЗАНҲОРО РАҲГУМ НАСОЗЕД!». Чунин муроҷиат намудааст Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба наҳзатиён
ДУШАНБЕ, 07.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. “Вақтҳои охир наҳзатиҳо роҳҳои дигари амалҳои душманонаи худро пеша кардаанд. Бо баҳонаҳои гуногун мехоҳанд аз хоҷагони хориҷаашон маблағ ситонанд. Барномае, ки ба ном “Бетараф набош” аз ҷониби наҳзат омода карда шудааст, ҳамагӣ аз 200 нафар иборат мебошад. Яъне ин 200 нафар аз номи 9 миллион нафар мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтан мехоҳанд. Аммо наҳзатиҳои дайду бехабар аз онанд, ки миллати тоҷик ба иғвоҳои онҳо дигар гӯш намедиҳад”, — чунин навиштаанд дар номае аъзоёни Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар муроҷиат ба ТТЭ ҲНИ. Дар давоми ин нома чунин навишта шудааст (айнан меорем):
«Мо, шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ба наҳзатиҳо муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки занҳоро раҳгум насозед. Ҳуқуқи занҳо фақат дар риояи сатр нест. Баръакс, маҳз амалкардҳои шумо занонро аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрум мекунанд. Маҳдудкунандаи ҳуқуқи занҳо маҳз шумоед.
Шумо ҳуқуқи занҳоро барои парастории падару модар бо баҳонаи афзалияти сухани шавҳар гирифтаед. Шумоед, ки занҳоро бидуни маҳрам аз хона берун рафтан намемонед. Ҳатто рафтани ҳаҷ барои онҳо бидуни маҳрам мамнуъ аст. Дар ин сурат табиист, ки барои зан бидуни маҳрам ба кор рафтан ҳам имконнопазир мегардад.
Дар сурате, ки ҳар кадоми шумо барои гирифтани чор зан даъво менамоед, дар бораи кадом ҳуқуқи зан суҳбат мекунед? Ҳуқуқи зани бечораро шумо худ муайян мекунед. Ӯ ғуломи ҳалқабаргӯши шумост ва аз хати кашидаи шумо бояд берун наравад. Ва боз даҳҳо ва садҳо маҳдудиятҳои дигар.
Ҳама ҳуқуқҳое, ки шумо барои занон пешниҳод мекунед, маҳдудкунандаи фаъолияти озоди онҳо мебошанд».








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






