6 март дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 марти соли равон бахшида ба Рӯзи Модар Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивали мазкур дар толори «Кохи суруш» доир гардида, дар он қариб 700 нафар кормандони вазорату идораҳо, занони барӯманди кишвар ва ҷавонони фаъол иштирок менамоянд.
Мақсад аз баргузории Фестивали «Суруди Модар – Алла»- ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба қадри модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ мебошад.
Даври аввал ва дуюми фестивал дар шаҳру ноҳия ва вилоят доир гардида, беҳтаринҳо ба сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Модар дар ҳудуди ҷумҳурӣ миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, бонувони варзишгар ва модарони рӯзгордида як зумра барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатиро баргузор менамояд.
Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз ҳамоиши «Нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ», озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол», барномаи тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар», семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд дар назар дошта шудаанд.
Дар ҷамъбасти фестивал иштирокчиён бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида мешаванд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






