Абдулло Абдуллоев: «Хонандагони мактабро маҷбуран суғурта кардан ғайриқонунист»
ДУШАНБЕ, 1.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба сару садоҳое, ки гӯё кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии мамлакатро ба суғурта намудан маҷбур мекунанд, муовини аввали директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ин кор танҳо бо розигии волидони онҳо сурат мегирад.
«Гарчанде суғурта намудани хонандагон ба манфиати онҳост, вале ин намуди суғурта ихтиёрӣ буда, касе ҳуқуқ надорад онҳоро маҷбур намояд», — афзуд Абдулло Абдуллоев.
Мавсуф зикр кард, ки аз ҷониби корхонаи мо ба директорони мактабҳо барои суғурта кардан пешниҳод сурат мегирад. Муаллимон бо баргузор намудани маҷлиси падару модарон манфиати онро ба волидон мерасонанд. Дар сурати розигии волидон фарзандонашон суғурта карда мешаванд.
Номбурда дар хусуси он ки гӯё кормандони ин корхона шаҳрвандонро барои суғурта кардани манзилҳои истиқоматияшон маҷбур намуда бошанд, иброз дошт, ки суғурта кардани манзил низ ихтиёрӣ буда, касе ҳаққи маҷбур кардан надорад.
Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо шаҳрвандон метавонанд ба мақомоти дахлдори мамлакат муроҷиат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2018 КВД «Тоҷиксуғурта» бо 742 ҳазору 470 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз онҳо 54 ҳазору 994 ададаш шартномаи намудҳои ҳатмии суғурта ва 687 ҳазору 476 адад шартномаи намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз 22 намуди суғурта мавҷуд буда, аз ин шумора 13- тояш ҳатмӣ, боқимонда ихтиёрӣ мебошанд. Суғуртаҳои ҳатмӣ дар асоси қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ба ин намуд, суғуртаи ҳатмии давлатии шахсии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ, суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ, суғуртаи ҳатмии мусофирони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан, суғуртаи ҳатмии иморатҳо, иншоот ва амволи корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз сӯхтор ва ғайра дохил мешаванд.








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






