Абдулло Абдуллоев: «Хонандагони мактабро маҷбуран суғурта кардан ғайриқонунист»

Февраль 1, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 1.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба сару садоҳое, ки гӯё кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии мамлакатро ба суғурта намудан маҷбур мекунанд, муовини аввали директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ин кор танҳо бо розигии волидони онҳо сурат мегирад.

«Гарчанде суғурта намудани хонандагон ба манфиати онҳост, вале ин намуди суғурта ихтиёрӣ буда, касе ҳуқуқ надорад онҳоро маҷбур намояд», — афзуд Абдулло Абдуллоев.

Мавсуф зикр кард, ки аз ҷониби корхонаи мо ба директорони  мактабҳо барои суғурта кардан пешниҳод сурат мегирад. Муаллимон  бо баргузор намудани маҷлиси падару модарон манфиати онро ба волидон мерасонанд. Дар сурати розигии волидон фарзандонашон суғурта карда мешаванд.

Номбурда дар хусуси он ки гӯё кормандони ин корхона шаҳрвандонро барои суғурта кардани манзилҳои истиқоматияшон маҷбур намуда бошанд, иброз дошт, ки суғурта кардани  манзил низ ихтиёрӣ буда,  касе ҳаққи маҷбур кардан надорад.

Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо шаҳрвандон метавонанд ба мақомоти дахлдори мамлакат муроҷиат намоянд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 КВД «Тоҷиксуғурта» бо 742 ҳазору 470 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз онҳо 54 ҳазору 994 ададаш шартномаи намудҳои ҳатмии суғурта ва 687 ҳазору 476 адад шартномаи намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз 22 намуди суғурта мавҷуд буда, аз ин шумора 13- тояш ҳатмӣ, боқимонда ихтиёрӣ мебошанд. Суғуртаҳои ҳатмӣ дар асоси қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба ин намуд,  суғуртаи ҳатмии давлатии шахсии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ, суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ, суғуртаи ҳатмии мусофирони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан, суғуртаи ҳатмии иморатҳо, иншоот ва амволи корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз сӯхтор ва ғайра дохил мешаванд.

Февраль 1, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд