ҚАБРИСТОН: ТАРТИБИ НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАИ ОН. Дар ин бора ба пурсиши хонандагони АМИТ «Ховар» мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гуфт

Февраль 12, 2019 12:22

ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо ду сол пур шуд, вале ҳанӯз баъзе сокинони кишварамон аз мавҷудияти он бехабаранд. «Оё рост аст, ки дар қабристон низ танзим бояд риоя шавад?», — мепурсанд онҳо дар номаҳояшон.

Барои посух гуфтан ба пурсишҳои ҳамсон АМИТ «Ховар» ба мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ ВАЛИЗОДА муроҷиат намуд.

-Дар давлати  соҳибистиқлоламон озодии виҷдон, эътиқод, ақида ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешаванд, — зикр намуд О. Вализода. —  Пайравони дини ислом ва дигар оинҳои мавҷуда дар адои маросимҳои динӣ озодии комил доранд.

Инчунин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи қонунгузории мамлакат, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросими мардумии миллату халқиятҳои муқими кишвар амалӣ карда мешаванд.

Нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо зери назорати доимии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба онҳо ҳамчун як макони муқаддас муносибат мекунанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо тасдиқ шудааст, ки дар он таъсис, ташкили ҳудуд, мустаҳкамкунӣ ва кўчонидани қабристонҳо, инчунин гузоштан ва нигоҳдории санги мазор муқаррар гардидааст. Нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.

Дар асоси талаботи “Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда, масофаи қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда шудааст. Андозаи санги мазори уфуқӣ на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ, андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ дошта бошад.

Масъулони соҳа дар даромадгоҳи асосии аксарияти қабристонҳо нақшаи макони ҷойгиршавии бахшҳои қабристон ташкил намуда, бояд ҳудуди берунии қабристонро бо девор ё панҷара иҳота ва атрофи онро сабзазор кунанд.

Санги мазор ё мақбараи болои қабр бо лоиҳаи махсуси муҳандисӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мувофиқа ва баъд бунёд карда мешавад.

Гарчанде мусобиқаи мақбарасозӣ ва исрофкорӣ дар қабристонҳо хотима ёфтааст ва пайвандону наздикони майит бо маслиҳати масъулон атрофи қабрҳоро бо тартиби муқарраргардида маҳкам мекунанд, аммо қисман бенизомиҳо дар ин самт мушоҳида мешаванд.  Ҳол он ки тозаву озода нигоҳ доштани қабристон нишонаи посдорӣ ва эҳтироми гузаштагон буда, аз камолоти ахлоқӣ ва маънавии ҳар фарди покзамир дарак медиҳад.

Албатта, дар баробари ободонии шаҳру ноҳияву маҳалҳоямон ба қабристонҳоямон низ бояд диққати махсус бидиҳем. Дар ин маврид иҷрои талаботи муқарраргардида барои пешгирии исрофкориву худнамоиҳо низ мусоидат мекунад. Ҳамзамон он дар тарбияи маънавии инсонҳо таъсири нек гузошта метавонад.

Февраль 12, 2019 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид