Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз «Барқи Тоҷик» қарздоранд

Февраль 13, 2019 11:47

ДУШАНБЕ, 13.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 чун солҳои қаблӣ мушкилоти асосии ШСХК «Барқи Тоҷик»-ин сари вақт ва пурра пардохт нашудани маблағи истифодаи барқ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» ва қарзҳои солҳои пеш баамаломадаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошад. Ин матлабро раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода имрӯз  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар ҷамъи хабарнигорон иброз намуд.

Бино ба маълумоти номбурда, вобаста ба пурра пардохт нашудани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби баъзе муштариён тамоюли болоравии қарзҳои дебитории ширкат дар соли 2018 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба маблағи 363,6 млн.сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 66,2 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 25,6 млн.сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 10,1 млн.сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 7,3 млн.сомонӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ 80,4 млн.сомонӣ ба назар мерасад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 2332 муштарии қарздор ба маблағи 172,6 млн. сомонӣ иддао пешниҳод карда шуд. Аз ин маблағ 67,1 млн. сомонӣ ба суратҳисоби ширкат ворид шудааст, ки 38,9% маблағи пешниҳод шударо ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра ба маблағи 170,4 млн.сомонӣ мавод ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, ба маблағи 57,6 млн.сомонӣ аз ҷониби судҳо қонеъ карда шуд. Дар натиҷа тибқи ҳалномаҳои судӣ 6,5 млн.сомонӣ ба манфиати ширкат рӯёнида шуд.

«Яке аз омилҳои асосии бартарафсозии афзоиши қарзҳои дебитории ширкат аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ва талафоти неруи барқ- ин беҳтар намудани ҳолати техникии системаи энергетикӣ, марҳила ба марҳила гузаштан ба системаи нави баҳисобгирии барқӣ, ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ, ҳисоби дурусти тавозуни неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони соҳа, коҳиш додани дахолати инсонӣ дар таҷҳизоти баҳисобгирии барқӣ ва ҷорӣ намудани системаи ягонаи автоматикунонии ҳисоби барқ мебошад. Бо дарназардошти вазъи ногувори молиявии ширкат амалӣ намудани чунин тадбирҳо бе ҷалби маблағҳои калони сармояи хориҷӣ ғайриимкон мебошад»,-илова намуд раиси ширкат.

Зикр гардид, ки мониторинги гузаронидашудаи лоиҳаи ҷорӣ намудани системаи биллингӣ дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст, нишон дод, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд  соли 2018 нисбат ба соли 2015 талафоти неруи барқ аз 18,4 фоиз ба 9,6 фоиз расонида, ҷамъоварии маблағ зиёда аз 100 фоиз таъмин шуда истодааст. Инчунин шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 8 нафар коҳиш дода шуда, дар натиҷа омили дахолати инсонӣ ба низоми ҳисоби неруи барқ пурра аз байн бурда шуд.

Айни замон ширкат дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдомҳо дар шабакаҳои барқии шаҳри Норак бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо ширкати чинии «Хексинг Электрикал Компани» корбарӣ дорад.

Февраль 13, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад