ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАМОС ОИД БА АФҒОНИСТОН ДАР ЛОНДОН. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро сафир Масъуд Халифазода намояндагӣ кард
ДУШАНБЕ, 01.02.2019./АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар шаҳри Лондон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи байналмилалии тамос оид ба Афғонистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар доданд.
Дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи байналмилалии тамос оид ба Афғонистьон беш аз 90 нафар намояндагони кишварҳои аъзо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуданд.Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кори ҷаласаи мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвар дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масъуд Халифазода намояндагӣ намуд.
Ӯ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сентябри соли 2018 ба ин вазифа таъйин шудааст. То он вақт дар вазифаи муовини сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Хотиррасон менамоем, ки Гурӯҳи байналмилалии тамос оид ба Афғонистон соли 2009 таъсис ёфта, ҳамчун сиғаи махсус ба мақсади ҳамоҳанг намудани ташаббусҳои ҷемеаи байналмилалӣ дар раванди таъмини амну субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шинохта шудааст. Ба ин гурӯҳ 60 кишвари дунё шомил мебошанд.








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






