ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Пагоҳ роҳбарияти Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази исломшиносӣ нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 14, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Вазорати молия соати 09:00 дар толори Вазорат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати мазкур  нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо хабарнигорон соати 09:00 дар бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор мешавад.

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ соати 11:00 ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 28 январ оғоз гардида, пагоҳ, 15 феврал ба анҷом мерасанд.

Февраль 14, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе